Нигориши Гулназар

 

Бомбаи "зебои"Мурғоб.

 

Адабиёт ва санъат. Душанбе. 17/06/1993

 

Марди ношиноси рус ба дафтари корӣ даромад. Парешон ва мушаввашҳотир менамуд.

- Ман узви дастаи экспедицияи геофизикии минтақаи чануб ҳастам.

Шинос шудем. Маълум гардид, ки Юрий Максимович Казаков бисёр соли умри худро ба омӯзиши кӯли Сарез бахшидааст.

Кӯли Сарез. Чӣ киссаҳое, чӣ пешгӯиҳое, чӣ баҳсу мунозираҳое дар атрофи ин мӯъҷизаи табиат ба миён омадаанд ва хоҳанд омад.

Соли 1951 ягона шоҳиди «тавлиди Сарез» Миршаиб Гургалиеви 60-сола гуфта буд: «Моҳи феврали соли 1911 ман дар тӯи қишлоқи Сарез будам. Замин ҷунбид. ҳама аз хонаҳои худ берун давиданд.  ҳамин вақт кӯху теппаҳои атрофи қишлоқи Усой фурӯ рафтан гирифт. Чангу ғубор рӯи қишлоқро аз мо пинҳон кард. Баъде ки пардаи ғубор бардошта шуд, дидем, ки аз қишлоқ нишоне нест. Онҳое, ки дар Усой буданд, ҳама курбон шуданд».

ҳамин таӣр, баъди заминларзаи 9-10 балла кӯли Сарез «ба дунё» омад. Вай ҳар сол тақрибан 18-20 см боло мешавад, масоҳаташ 80 километри квадратиро ташқил медиҳад. Захоматаш 17 миллиард метри кубӣ буда, амиқиаш 500 м аст. Ва онро донишмандон «Бомби зебои Мурғоб» ном додаанд.

Дар рӯзҳое, ки мухолифин аз Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он ақибнишинӣ мекарданд, овозае паҳн шуд, ки хавфи таркондани Сарез ҳаст ва оби он метавонад поӣтахт ва дигар минтақаҳои Тоҷикистонро шуста барад. Юрий Максимович бо лабханд мегӯяд:

- Ин гапҳо асос надоранд. Сарбанди Сарез аз сахра ва харсангҳое ба вуҷуд омадааст, ки ҳатто таркиши фавқулоддае наметавонад ба он хисора ворид кунад. Илова бар ин ҳеҷ гоҳ оби Сарез ба Душанбе намерасад. Боре рӯзноманигоре навишта будки «оби Сарез ду тарафи дарёи Панҷро пахш карда, ҷониби Шимолу Шарқ ҳаракат карда, Душанбею Самарқандро зер карда, то худи Арал мерасад».Охир ин тамоман хобу хаёл аст.

- Ба гумони Шумо Сарез ягон хавфу хатар надорад?

- Албатта, дорад. Омӯзиши чандиясола нищон дод, ки дар баданаи сарбанди табий яхҳои бузург ҳам ҳастанд. Онҳо ҳангоми канда шудани кӯҳ ҳамроҳи сангу хоку гил дар сарбанд хобидаанд. ҳавф дар он аст, ки яхҳо метавонанд ба тадриҷ об шаванд. ҳоло ҳам дар баданаи сарбанд тарқишҳо ба назар мерасанд. Об метавонад, ки тарқишҳоро оҳиста-оҳиста васеъ кунад ва ба худ роҳи васеътаре муҳайё созад. Хавфи дигар дар он аст, ки кӯҳу пуштаҳои гирдогирди кӯл он қадар устувор нестанд. Онҳо метавонанд дар ҳар соату ҳар лаҳза фурӯ раванд ва якбора кӯлро лабрез гардонанд. Дар он сурат  ҳаҷми хеле зиёди он аз болои сарбанд пош хӯрда, бо хоку санг омезиш ёфта, ба селоб табдил мегардад ва харобиҳои зиёд ба бор меоварад.

-Оё ин фалокатро пешбинӣ кардан мумкин аст?

-Душворӣ дар он аст, ки чанд савол алҳол беҷавоб мебошад. Мо намедонем, ки кай, дар куҷо ва чӣ хоҳад рух дод. Илова бар ин Сарез дар минтақаи заминларзаи шадид қарор дорад.

- Яъне таваккал ба худо?

- Аз ҳамон давроне, ки Сарез пайдо шуд, ҳамеша дар мадди назари олимони геолог буд. ҳанӯз Г.А. Шпилько (1913) ва И.А. Преображенский (1920) аз кӯли Сарез дидан карда, дар бораи, «ҳолу аҳволи» он тадкиқотҳои пурарзиши худро чоп намуданд. Дар замони ҳукумати шӯрой Сарез аз назар наафтод. Каму беш таҳти назар буд. ҳатто дар солҳои душвори ҷанг «рафтори» Сарезро меомӯхтанд. ҳоло муҳим он аст, ки ба душвориҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда, омӯзиш ва таҳқиқи Сарезро давом диҳем.

- Оё ба ин кор имкон фароҳам нест?

- Баъди аз ҳам пошида шудани Иттиҳоди Шуравӣ олимон низ пароканда шуданд. Аммо дар Тоҷикистон мутахассисони хуб ба воя расидаанд. Онҳоро набояд аз кор дур кард. Ман метавонам номи Ганҷ Шафиев, Юсуф Акдодов ва дигаронро ба забои гирам.

- Худи шумо чӣ?

- Ман нисфи умри азизи худро ба омӯзиши Сарез сарф кардаам. Мутаассифона, имӯрз озими Амрико ҳастам, такдир чунин будааст. Барои ҳамин ба идораи шумо омадам, ки дарди диламро гӯям, шояд ба гӯши касе расад.

- Оё ҳоло гурӯҳе Сарезро меомӯзанд?

- Аз сабаби бад будани вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ чанд вақт Сарез аз назарҳо афтода буд. ҳоло ҳукумат иҷозат додааст, ки Сарезро боз таҳти назорат бигирем. Бояд дар ин роҳ мо чизеро дареғ надорем.

- Оё роҳи амалии пешгирӣ кардани фалокат ҳаст?

- Дар давоми омӯзиши тӯлонӣ экспедицияи ҷануб чанд роҳи наҷотро пешниҳод кардааст. Якум: нақб кандан ва истгоҳи барқӣ сохтан барои 200000 киловат-соат. Дуввум: тавассути насосҳои пуриқтидор кашида гирифтани миқдори муайяяи об. Саввум: ҳеҷ даст нарасондан, аммо назоратро ҷиддӣ давом додан.

- Ба шумо ҳамчун мутахассиси собиқадор кадоме аз ин амалҳо мақбул аст?

- Ба ман амали саввум мақбул аст, яъне ба Сарез кордор нашудан. Зарур аст, ки гирду атрофи кӯлро кӯруқ эълон кунем, ҳифзу муроқибат кунем. Охир табиати Сарез, обу ҳавояш нодир аст. Чаро мо дар он ҷо тафреҳғоҳҳое  насозем, ки ба табобати бемориҳои сахттарин созгор аст? Чаро обашро ба таври саноатӣ ба тиҷорат нагузорем? Дар Сарез ёдгориҳои таърихӣ кам нест. То ҳол роҳҳои сангфарши «Роҳи абрешим» боқист. Ба тамошо меарзад.

- Вобастаи наҷоти баҳри Арал гуфтугӯ зиёд аст. Агар Сарезро барои ин мақсад истифода кунанд, чӣ мешавад?

- ҳаргиз ба ин роҳ додан лозим нест. Аралро Сарез наҷот дода наметавонад. Чунки обаш ҳаргиз ба Арал намерасад. Баъдан, чаро мо дар Помир бадбахтии дигареро пеш орем? Медонед, баъди он ки оби Сарез: берун меравад, дар масоҳати калон гилу хоки зиёде боқӣ мемонад. Онҳо, ки хушк шуданд, шамол ба ҳавояшон мебардорад ва нисфи Тоҷикистонро чангу ғубори ҳалокатбор фаро мегирад. Аралро Сарез не, балкӣ ба эътидол кишт кардани пахта дар ҷумҳуриҳои хамсоя наҷот медиҳад.

- Дар Амрико ҷумҳирҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки барои наҷоти Арал як фоизи даромади миллии худро мебахшанд.

-Ин амали хайр аст. Агар аз ҳамин маблағ ба Тоҷикистон қӯмак кунанд, пас, дар Сарез сохтани нақб ва бунёд кардани истгоҳи барқ аз манфиат холӣ нест. Такрор мекунам, аз маблағи Тоҷикистон не, аз маблағи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ. Он вақт ба мо ҳам барқ мерасад, ҳам метавонем сатҳи оби Сарезро то андозае паст кунем.

- Ташаккур. Бисер мехоҳем рӯзгоратон дар Амрико хуш гузарад.

- Ман Тоҷикистонро бо худ мебарам. Сарезро дар хоб мебинем ва дар борааш андеша мекунам. Мо бояд онро наҷот диҳем, то моро наҷот диҳад.